Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои олии низомӣ барои интиқоли қудрат омода аст


Шӯрои олии низомии Миср хабар дод, ки маросими ба раисиҷумҳури нав интиқол додани қудрат охири моҳи июн баргузор мешавад. Ва аммо номи раисиҷумҳури нави Миср то ҳол расман эълон нашудааст.

Аз ин пеш шохаи сиёсии “Ихвон-ул-муслимин”-и Миср номзади худро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯз эълон кард. Худи Муҳаммад Мурсӣ бо хитоб ба издиҳоми тарафдоронаш дар Қоҳира ваъда дод, ки “раисиҷумҳур ва хидматгори ҳамаи мисриҳо, ҳамаи ҷиноҳҳои сиёсӣ, ҳама мусулмонон ва насрониҳо хоҳад буд.”

Бар пояи иттилои “Ихвон-ул-Муслимин”, Муҳаммад Мурсӣ 52 дар сади раъйҳоро соҳиб шуда, аз рақиби ӯ нахуствазири пешин Аҳмад Шафиқ 48 дар сади мардум пуштибонӣ кардаанд.

Ва аммо ситоди Аҳмад Шафиқ гуфт, ки натоиҷи интихоботро танҳо Комиссиюни марказии интихоботӣ метавонад эълон кунад.
XS
SM
MD
LG