Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи зане, ки барои шавҳараш "киллер" киро кард


Додгоҳи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон

Додгоҳи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон

Дар ноҳияи Бохтар мурофиаи додгоҳии зане оғоз ёфт, ки барои киро кардани "киллер" ё кушандаи ҳамсараш муттаҳам мешавад.

Мақомоти умури дохилӣ аз вуқӯи ин ҳодиса, яъне ҳалокати шавҳари ин зан ҷилавгирӣ карданд, аммо ҳамакнун Холмат Собиров намехоҳад, ки додгоҳ ин "гуноҳ"-и завҷаашро бубахшад.

Баррасии парвандаи Руқиямоҳ Собироваи 35-соларо, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ сарусадоҳои зиёдеро ба бор овардааст, ҳайате аз додгоҳи вилояти Хатлон ба зимма дорад. Дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ Руқиямоҳ гуноҳи худро иқрор карда ва гуфт, дар пайи зулму озори шавҳараш водор шудааст, барои ба қатл расонидани ӯ бо дасти нафари сеюм тасмим бигирад.

Хуршед Сафаров

Хуршед Сафаров

Хуршед Сафаров, адвокати Руқиямоҳ, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҷо чанд факт ҳаст, ки шавҳари Руқиямоҳ нисбат ба ӯ амалҳои ғайриқонунӣ намуда, ӯро ба анҷом додани корҳои берун аз ахлоқ маҷбур мекардааст. Ҳамчунин, аз ӯ тамаъ мекардааст, ки рафта маблағ ёбад. Зан ҳам барои қонеъ кардани шавҳараш ночор аз чанд нафар қарз мегирад, барои ҳамсараш мошин мехарад. Ҳамин гуна амалҳоро Холмат Собиров нисбат ба завҷаи якуми худ ҳам анҷом дода, сабаби вайроншавии оилаи якумаш ҳам ҳамин рафтораш шудааст. Нафари зерҳимояи ман ба ҷон омада, ба нафаре муроҷеъ шудааст, ки ҳамсарашро ба қатл расонад, то аз азобу уқубаташ раҳоӣ ёбад."

Хуршед Сафаров афзуд, нафари таҳти ҳимояташ се фарзанди ноболиғ дошта, тайи беш аз чор моҳи дар маҳкамаи муваққатӣ буданаш аз дидори онҳо маҳрум аст. Вале Холмат Собирови 60-сола, ҳамсари Руқиямоҳ, мегӯяд, минбаъд фарзандонашро танҳо парасторӣ карда, ин хиёнати завҷаашро нахоҳад бахшид.

Вай гуфт, "ин сӯиқасд ба ҷони ман буд. Милисаҳо аз тасмими ҳамсарам огоҳ шуда, барои ошкор кардани ҳадафи ӯ зери ниқоби "киллер" бо ӯ вохӯрда, мулоқоташонро сабти аудиоӣ кардаанд. Далел ҳаст. Ман ягон бадӣ накардаам ба ӯ, ягон амали ноҷо нашудааст. Пештар зиндагиамон хуб буд, ҳамдигарфаҳмӣ буд, баъд ногаҳон чунин ҳодиса шуд..."

Лаҳзае аз гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ", Носирҷони Маъмурзода (рост) бо Холмат Собиров (чап)

Лаҳзае аз гуфтугӯи хабарнигори "Озодӣ", Носирҷони Маъмурзода (рост) бо Холмат Собиров (чап)

-Шояд аз тарафи Шумо зӯроварӣ ё фишоре нисбат ба ҳамсаратон зоҳир мешуд, ки кор ба ин ҷо расидааст?

Холмат Собиров: "На, чизе набуд. Худаш медонад, корро худаш кард, ҳатто маблағ ёфта, нафареро барои қатли ман киро намуданӣ шуд. Ин корро бахшида наметавонам. Ман бубахшам ҳам, қонун намебахшад. Ҷойи бахшиш надорад, агар дигар айбе мебуд, шояд бахшидан осонтар буд."

Ҷаноби Собиров илова кард, ҳамсараш Руқиямоҳ бо ҳадафи машғул шудан ба тиҷорат аз ӯ 5 ҳазор доллар гирифта, ҳамчунин камаш аз се соҳибкорзани дигар бо ҳар баҳона қарз дарёфтааст. Муноқишаҳои оилавии ӯ низ пас аз он оғоз шудааст, ки соҳибони маблағ ба хонааш омада, талаби бозпардохти ҷамъан 12 ҳазор доллари амрикоӣ қарзи Руқиямоҳро кардаанд.

Ба иддаои Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони ноҳияи Бохтар, иллати аслии сӯиқасд ба ҷони шавҳар намудани Руқиямоҳ ё ба истилоҳ, мотиви ҷиноят, ин буд, ки зан мехост ҳамсарашро ба қатл расонида, дороиҳои ӯ ва манзилашро соҳиб шавад ва маблағи қарзро баргардонад.

Маҳмадсаид Насимов

Маҳмадсаид Насимов

Ҷаноби Насимов гуфт, "шаби 17-уми феврал шаҳрванд Б. Ш. ба ШКД-и ноҳияи Бохтар муроҷиат карда, баёнот медиҳад, ки зане сеюм маротиба ба назди ӯ омада, хоҳиши ба қатл расонидани шавҳарашро кардааст. То ба назди Б. Ш. омадан ин зан ба як нафари дигар ҳам барои анҷоми ин ҷиноят муроҷиат карда, 700 доллар "ҳаққи кор" ваъда карда будааст. Аммо пас аз ҷавоби рад шунидан, ин зан ба Б. Ш. гуфтааст, 2500 доллари амрикоӣ медиҳад, то ҳамсарашро ба қатл расонад."

Ҷаноби Насимов афзуд, Руқиямоҳ Собирова тибқи се моддаи кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла омодагӣ ва сӯиқасд ба ҷинояти куштор (м.32-104,қ.2) ва қаллобӣ (м.247) муттаҳам дониста мешавад.

Муовини додситони ноҳияи Бохтар ҳамчунин гуфт, дар таҷрибаи кории мақомоти додситонӣ шояд ин нахустин як чунин парвандаи ҷиноиест, ки марбути ба истилоҳ "киро кардани киллер" барои қатли шавҳар бошад. Зеро дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки асосан мардсолорӣ ҳоким асту занону духтарон бештар дар рӯҳияи итоаткорию фармонпазирӣ аз ҳамсар тарбият меёбанд, сар задани як чунин ҳодиса ғайри қобили чашмдошт ва бесобиқа будааст. Қарор аст, ин мурофиаи пурсарусадои додгоҳӣ то поёни моҳи июн ба итмом бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG