Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз тоҷикон хостааст, ба ҳалли мушкили тақрибан 5 000 фирории афғони муқими Тоҷикистон расидагӣ кунанд.

Дар ҳоле ки аҳли олам ба таҷлили рӯзи паноҳанда (20-уми июн) омодагӣ мегиранд, намояндаи Идораи умури паноҳандагони Созмони Милал аз сокинони Тоҷикистон хостааст, ба ҳалли мушкили тақрибан 5 ҳазор фирории афғони муқими ин кишвар расидагӣ кунанд.

Хосе Еуседа, намояндаи Идораи умури паноҳандагони Созмони Милал дар Душанбе, гуфт, эҳтимол сокинони Тоҷикистон фаромӯш кардаанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ наздик ба 50 ҳазор аҳолии ин ҷумҳурӣ дар Афғонистон паноҳагоҳ ёфта буданд. Ӯ афзуд, ба шарофати оштии миллӣ паноҳандагони тоҷик ҳамагӣ ба ватан баргаштанд ва ҳоло навбати онҳост, ки меҳмондории худро намоиш диҳанд.

"Мо дар танзими беҳдошту таълими паноҳандагони муқими Тоҷикистон саҳм мегирем. Идораи мо иҷорапулии манзили зисти баъзе аз паноҳандагони камбизоатро пардохт мекунад. Бо бонкҳои байналмилалӣ ҳам созише ба имзо расондем ва акнун барои аввалин бор паноҳандагон имкон ёфтаанд, ки дар бонкҳои маҳаллӣ ҳисоб кушода, имкони қарзгирӣ дар ихтиёр дошта бошанд. Бар илова, саъй дорем, паноҳандагон иҷозаи иқомати доимӣ пайдо намоянд",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Эътирози як паноҳандаи афғон дар назди дафтари СММ дар Душанбе. Соли 2008-ум

Эътирози як паноҳандаи афғон дар назди дафтари СММ дар Душанбе. Соли 2008-ум

Хосе Еуседа таъкид мекунад, ки солҳои охир шумораи оилаҳои омехта, ки дар он яке афғону дигаре тоҷик аст, афзоиш ёфтааст, вале ҳанӯз ҳам дар ҳолатҳои зиёд тақдими шаҳрвандӣ ва ё иҷозаи иқомати доимӣ ба ҳамсари хориҷӣ бо мушкилӣ рӯбарӯст. Соли ҷорӣ Идораи умури паноҳандагони СММ ин масъаларо бо вазири умури дохилии Тоҷикистон баррасӣ карда буд ва ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки роҳи ҳалле пайдо хоҳад шуд.

Идораи умури паноҳагони СММ ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллии Тоҷикистон барномаеро тарҳрезӣ дорад, ки дар ҳоли афзоиши нооромиҳои Афғонистони ҳамсоя ва вуруди шумораи бузурги паноҳандагон назорати ин раванд аз даст наравад ва мақомот омодаи расидагӣ ба ниёзмандиҳои онҳо бошанд. Соли 2012-ум дар чорчӯби ин барнома назорати озодии ҳаракат ва шароити зисти паноҳагон дар назар аст.

Ба навиштаи СММ дар саросари олам 2 миллиону 700 ҳазор афғон ба ҳайси паноҳанда дар гӯшаҳои мухталифи олам саргардонанд. Дар миёни кишварҳои содиркунандаи асосии паноҳандагон Ироқ, Сомалӣ, Судон ва Ҷумҳурии демократии Конго низ ба чашм мехӯранд.

Тақрибан 80 дарсад (фоиз)-и паноҳандагон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ба мисли Покистон (1,7 миллион), Эрон( 886 ҳазору 500), Кения (566 ҳазору 500) ва Чад (366 ҳазору 500) ба ба сар мебаранд. Умуман, дар соли 2011-ум шумораи афроди иҷборан тарки макони зистнамуда ба таври рекордӣ боло рафтааст. Дар як гузорише, ки Идораи комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи душанбе, 18-уми июн, ба табъ расонд, омадааст, ки силсилаи бӯҳронҳои башарӣ дар соли 2010-ум дар кишвари африқоии Соҳили Оҷ ё худ Кот Дивуар оғоз ёфта, дар Либия, Сомалӣ, Судон ва манотиқи дигар давом кард.

Ба ин тартиб, соли гузашта барои аввалин бор дар қарни равон шумораи мардуми ба тозагӣ беҷошуда ба 4,3 миллион расиду аз миёни онҳо 800 ҳазор нафар кишварҳояшонро тарк намуда, фирорӣ гаштанд. Комиссари олии СММ дар умури паноҳагони Антонио Гутеррес мегӯяд, соли гузашта нооромиҳо дар як муддати кӯтоҳ манотиқи зиёдеро фаро гирифтанд, вале ба шарофати аксуламали ниҳодҳои байналмилалӣ ва боз нигаҳ доштани марзҳо аксари кулли онҳо зери ҳимоят қарор гирифтанд. Соли 2011-ум тахминан 42,5 миллион нафар дар интизори ҳалли сарнавишташон буданд, ки аз ин байн тахминан 15,5 миллион нафар фирорӣ, наздик ба 26,5 миллион нафар афроди дар дохили кишвар бе хонаву ҷошуда ва 895 ҳазор нафар дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ будаанд.

Соли 2010-ум шумораи умумии мардуми саргардон ба 43,7 миллион нафар баробар буд, вале дар он сол довталабона дар саросари олам 3 миллиону 200 ҳазор нафар ба хонаҳо ва макони доимии зисташон баргаштанд. Дар байни кишварҳои саноатии олам Олмон беш аз дигарон меҳмонавоз будааст. Дар ин кшвар беш аз 570 ҳазор паноҳанданда пазируфта шудаанд.

Аслан аз миёни 42,5 миллион паноҳандаи саросари олам, ки охири соли гузашта номнавис шуда буданд, қисми бузурге зери қаноти Идораи комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон қарор гирифта, боқимонда таҳти назари идораҳои дигари СММ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG