Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири нақлиёти Қирғизистон сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эронро ба манфиат надонистааст.

Қалиқбек Султонов, вазири нақлиёт ё роҳи Қирғизистон, гуфтааст, тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эрон барои кишвараш судовар нахоҳад буд. Ӯ афзудааст, баръакс, Қирғизистон ба сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон бартарӣ медиҳад.

Ин ҳарфҳо замоне садо дод, ки дар Бишкек нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии вазирони нақлиёти ду кишвар ҷараён дошт.

Дар ҳамин ҳол, сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Бишкек, Манучеҳр Муродӣ, низ дар сӯҳбат ба хабаргузории АКИпресс гуфта, ки барои Эрон муҳим нест, хатти роҳи оҳан аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, ё Узбакистон. Ба қавли ӯ, "муҳим он аст, ки ин роҳ бо роҳи оҳани Эрон бипайвандад."

Ҳамчунин, сафири Эрон илова кардааст, ки Теҳрон метавонад тарҳи сохтмони қитъаи қирғизистонии роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистонро сармоягузорӣ намояд.

Тоҷикистон сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эронро яке аз роҳҳои берунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ медонад. Ин аст, ки се соли пеш давлати Тоҷикистон ба бунёди як қитъаи тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эрон аз шаҳри Ваҳдат то Қӯрғонтеппа оғоз карда буд.

Ин роҳи оҳани байнулмилалӣ ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл дошта, бояд Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Эронро васл кунад, ки аз нигоҳи коршиносон, аҳамияти фавқулодаи геополитикӣ дорад. Ба қавли онҳо, ин масири алтернативӣ ба роҳи оҳани Душанбе-Маскав хоҳад буд ва вобастагии Тоҷикистонро аз кишварҳои самти шимол, аз ҷумла Русияву Узбакистон бамаротиб хоҳад кост.

Дар охирҳои ҳафтаи гузашта Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, бо ҷараёни сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан ошно шуд. Манобеи расмии Тоҷикистон мегӯянд, нахуствазир аз “суръати корҳои сохтмонии роҳи оҳан” изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмие дар Чин қарор дошт, дар дидоре бо ҳамтои эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эронро баррасӣ карда буд. Ин мулоқот дар арафаи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ҷараён гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG