Пайвандҳои дастрасӣ

"Демократияи нав" ҳукумати нави Юнонро ташкил мекунад


Антонис Самарас - раҳбари ҳизби "Демократияи нав"

Антонис Самарас - раҳбари ҳизби "Демократияи нав"

Ҳизби муҳофизакори «Демократияи нав», ки дар интихоботи такрории парлумонии Юнон бештари раъйҳоро соҳиб шудааст, музокирот дар бораи таъсиси ҳукуматро шурӯъ мекунад. Дар ин маъракаи сиёсӣ, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, муҳофизакорон ба дарёфти тақрибан 30 дар сади овозҳо муваффақ шуданд.

Аз ҳизби чапгарои СИРИЗА 27 дар сади мардум пуштибонӣ кардаанд.Ҳадс зада мешуд, ки СИРИЗА дар сурати пирӯзияш дар интихоботи такрорӣ аз сарфаи буҷа сарпечӣ мекунад ва ин дар навбати худ боиси аз қарзи 130 миддиард еврогии Иттиҳодияи Аврупо ва Санудқи байнулмилалии пул маҳрум мондани Юнон мешавад. Ба думболи ин, ба гуфтаи коршиносон, Юнон барои тарки минтақаи евро маҷбур мешуд.

Ҳизби ПАСОК, ки дар интихоботи такрорӣ ҷойи саввумро ишғол кардааст, аз омодагияш барои ташкили эътилоф бо ҳизби «Демократияи нав» хабар дод ва аммо барои ба ҳукумати эътилофӣ ворид шудани намояндагони дигар ҷунбишҳои чапгаро пойфишорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG