Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, даври нави музокироти ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ идома дорад.

Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, тайи ду рӯз бо намояндагони Амрико, Русия, Чин, Фаронса ва Бритониё бар иловаи Олмон доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомии кишвараш гуфтугӯ мекунад. Ба қавли мақомот, як шарти қудратҳои ҷаҳонӣ ин аст, ки Эрон тавлиди ураниуми ғализро муттавақиф бикунад, ки ин навъи ураниумро метавон ба ҳайси сӯхти реакторҳои атомӣ ва ё сохти бомби атомӣ истифода кард.

Аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон иддаои кишварҳои ғарбиро рад мекунад ва мегӯяд, ғанисозии ураниум барои ҳадафҳои сулҳомез ҳаққи қонунии кишвар аст.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар гуфтугӯ бо як нашрияи олмонӣ гуфтааст, "имрӯз агар ғарбиҳо тазмин (кафолат) бидиҳанд, ки сӯхти бистдарсади реакторҳои Эронро таъмин мекунанд, ҳеҷ мушкиле нахоҳем дошт."

Як дипломати ғарбӣ дар ин замина ба хабаргузории Ройтерз таъкид кардааст, "кишварҳои ғарбӣ ба дунболи ин нестанд, ки пайгири музокироте бошанд, ки
танҳо дар ҳадди гуфтугӯ боқӣ мемонад."


Даври тозаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ баъд аз нишасти Истанбулу Бағдод баргузор мешавад. Дар ҳоле ки ҷонибҳо, дар ду даври музокироти гузашта дар Истанбул ва Бағдод ба пешрафте ноил нашуданд.

Ҷумҳурии Исломӣ дар ин музокирот зимни таъкид бар ин ки ғанисозии ураниум ҳаққи Эрон аст, хостори рафъи таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Ғарб шуд. Аммо кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, то замоне ки шоҳиди қадамҳои мушаххасе аз сӯи Теҳрон нашаванд, ин дархостҳои Ҷумҳурии Исломиро нахоҳанд пазируфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG