Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати донишҷӯён бар асари таркиши автобус


Дар шаҳри Квейта, маркази вилояти Балуҷистони Покистон автобус бо донишҷӯён ба мина бархӯрд ва дар натиҷа дасти кам чаҳор нафар ҷон бохтанд. Беш аз чиҳил нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Донишҷӯён ба Донишгоҳи фановариҳои иттилоотӣ мерафтанд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.

Дар Балуҷистон аз соли 2004 ба ин сӯ гурӯҳҳои мусаллаҳ бо нерӯҳои ҳукуматӣ барои назорати захоири нафту газ даргиранд. Дар ин вилоят аъзои ҷунбиши «Толибон» ҳам мустақаранд.
XS
SM
MD
LG