Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама ва Путин дар ҳошияи нишасти G 20


Имрӯз дар Мексика раҳбарони 20 кишвари саноатии олам маъруф бо номи G 20 роҳҳои рафъи мушкилоти иқтисоди ҷаҳониро баҳс мекунанд. Рӯзи якшанбе дар арафаи ифтитоҳи ин нишаст интихоботи парлумонии Юнон бо пирӯзии ҳизбҳои ҷонибдори ҳамкории ин кишвар бо қарздиҳандагони байналмилалӣ ба анҷом расид. Пешбинӣ мешавад, ки раҳбарони G 20 ҳалли дарозмуддати бӯҳрони минтақаи гардиши евроро арзёбӣ хоҳанд кард. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин нишаст ҳамчунон маъсалаи афзоиши хазинаи ёрии Сандуқи байналмилалии пул ба маблағи 430 миллиард доллари иловагӣ матраҳ шавад. Дар ҳошияи мулоқоти Лос Кабос мулоқоти президентҳои ИМА Барак Обама ва Русия Владимир Путин доир хоҳад шуд, ки дар он ихтилофҳои Маскаву Вашингтон рӯи қазияи Сурия баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG