Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи музокироти атомии Эрон ва 5+1


Дар шаҳри Маскав даври нави музокироти ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ идома дорад. Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, тайи ду рӯз бо намояндагони Амрико, Русия, Чину Фаронса, Бритониё ва Олмон доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомии кишвараш гуфтӯгу мекунад. Ба гуфтаи мақомот, як шарти қудратҳои ҷаҳонӣ ин аст, ки Эрон тавлиди ураниуми ғализро муттавақиф кунад, ки ин навъи ураниумро метавон ба ҳайси сӯхти реакторҳои атомӣ ва ё сохти бомби атомӣ истифода кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ғанисозии ураниум барои ҳадафҳои сулҳомез ҳаққи қонунии кишвар аст ва иддаъои кишварҳои ғарбиро рад мекунад, ки мегӯянд, Эрон қасд дорад, силоҳи атомӣ бисозад. Дар ду даври музокироти гузашта дар шаҳрҳои Истанбул ва Бағдод тарафҳо ба пешрафте ноил нашуданд.
XS
SM
MD
LG