Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ихвон-ул-муслимин” аз ғалабаи номзади худ хабар дод


Шохаи сиёсии “Ихвон-ул-муслимин”-и Миср номзади худро дар интихоботи президентӣ пирӯз эълон кард. Худи Мурсӣ дар даромадгоҳи ситоди интихоботияш дар Қоҳира бо хитоб ба издиҳоми тарафдоронаш ваъда дод, ки “президент ва хидматгори ҳамаи мисриҳо, ҳамаи ҷиноҳҳо, мусулмонон ва насрониҳо хоҳад буд.” Бино бар натиҷаҳои раъйдиҳӣ, ки “Ихвон-ул-муслимин” баъд аз шумриши оро дар 95 дарсади ҳавзаҳои раъй нашр намудааст, Мурсӣ 52 дарсад овоз гирифтааст ва сарвазир пешин Аҳмад Шафиқ 48 дарсад. Ситоди Шафиқ гуфт, аз эълони пирӯзии “Ихвон-ул-муслимин” “ба ҳайрат афтодааст” ва танҳо кумиссюни интихоботӣ метавонад, натиҷаҳои раъйдиҳиро эълон кунад. Дар ин байн, Шӯрои Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср, ки ба кишвар раҳбарӣ мекунад, “ислоҳот”-и қонуни асосиро анҷом дод, ки бино бар он салоҳияти назорат бар умури қонунгузорӣ ва молиявиро ба худ ихтисос дод.
XS
SM
MD
LG