Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи “Регар” бар “Хайр” ва “Истиқлол” бар “Хуҷанд"


Рӯзҳои 16-ум ва 17-уми июн чаҳор бозии даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ду бозӣ мизбонон ва дар ду бозии дигар меҳмонон ғолиб омаданд. Ҳамагӣ 19 гол зада шуд, ки 12-тоаш ба мизбонон ва 7-тоаш ба меҳмонон мутааллиқ аст.

Натоиҷи бозиҳои даври 11-ум:

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор) – 6:1
Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Голҳо: Мансур Ҳакимов (21, 48, 88) ва Асадулло Бобоҷонов (7, 53, 54) - ҳарду аз "Парвоз" - сеголӣ, Меҳроб Акрамов (68).

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 1:3
Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент.
Голҳо: Абдураҳмон Қурбонов (18), Илҳом Баротов (64), Шӯҳрат Шамсиев (90+2) - ҳарсе аз “Истаравшан”, Ҷунай Абидун (37) - "Зарафшон".

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХАЙР» (Ваҳдат) – 5:2
Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода.
Голҳо: Сардорбек Эминов, 45+1 (1:0). Комил Саидов, 45+2 (2:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 48 (3:0). Муҳаммад Гулипур, 68 (3:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 84 (3:2). Баҳодур Шарифов, 89 (4:2). Давронҷон Тухтасунов, 90+2 (5:2).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 0:1
Варзишгоҳи "Спартак".
Гол: Юсуф Рабиев (18).

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 11-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир” (Душанбе) - “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) -”Равшан” (Кӯлоб), ки бар асоси ҷадвали бозиҳо мебоист 16-ум ва 17-уми июн барпо мегашт, ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони дастаҳои ССКА “Помир”, “Энергетик” ва “Вахш” дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия барпо мегардад, гирифта шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Регар-ТадАЗ"

10

9

1

0

30-8

28

2.

"Равшан"

9

8

0

1

16-5

24

3.

стиқлол"

9

5

2

2

19-8

17

4.

"Хуҷанд"

10

5

1

4

18-15

16

5.

“Истаравшан”

10

4

2

4

17-20

14

6.

“Парвоз”

10

4

1

5

25-17

13

7.

"Вахш"

7

4

1

2

12-4

13

8.

"Энергетик”

8

3

4

1

15-10

13

9.

“Хайр”

8

3

2

3

15-17

11

10.

ССКА “Помир”

8

2

2

4

9-14

8

11.

“Зарафшон”

10

1

3

6

13-28

6

12.

"Ҳосилот”

11

1

1

9

10-30

4

13.

"Гвардия”

10

1

0

9

7-30

3


Нишонзанҳои беҳтарин: Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") – 9 гол, Габриэл Донто (“Энергетик”) - 8 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд"), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 7-голӣ, Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов (ҳарду - “Истиқлол”)- 6-голӣ.

Даври 12-ум
23 июн (шанбе)

«Ҳосилот» - «Истаравшан»
«Истиқлол» - «Зарафшон»

24 июн (якшанбе)
«Хайр» - «Хуҷанд»
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»
Оғози бозиҳо – соати 17:30.

Федератсияи футболи Тоҷикистон таърихи баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро муайян кард.

Бозиҳои давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ, ки аз сабаби ширкати футболбозони баъзе бошгоҳҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва иштироки онҳо дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) дар Малайзия ба мӯҳлати дертар гузаронида шуда буданд, аз 11-ум то 28-уми июл баргузор мешаванд.

11-уми июл, чоршанбе
Бозиҳои даври 9-ум

«Вахш» - «Истиқлол»
«Парвоз» - «Энергетик»
ССКА «Помир» - «Хайр»

17-уми июл, ҷумъа
Бозии даври 10-ум

«Хайр» - «Вахш»
Бозии даври 11-ум
ССКА «Помир» - «Энергетик»

21-уми июл, сешанбе
Бозии даври 11-ум

«Вахш» - «Равшан»
Бозии даври 12-ум
«Гвардия» - ССКА «Помир»

25-уми июл, шанбе
Бозии даври 12-ум

«Энергетик» - «Вахш»
Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл, сешанбе
Бозии даври 13-ум

«Вахш» - «Гвардия»
Оғози бозиҳо – соати 17:30
XS
SM
MD
LG