Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Бразилия рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи рӯзи 18-уми июн ба Бразилия сафар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода ва мегӯяд, президент дар Бразилия дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ширкат мекунад.

Ин манбаъ афзуд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири обу обёрӣ Раҳмат Бобокалонов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ доранд.
XS
SM
MD
LG