Пайвандҳои дастрасӣ

Антонис Самарас, раиси Ҳизби Демократияи Нав, пас аз пирӯзӣ гуфт, Юнон дар қаламрави пули евро боқӣ хоҳад монд.

Дар интихоботи порлумонии Юнон раҳбари ҳизби Сириза, ки мухолифи барномаҳои кӯмаки молист, бохти худро эътироф кард. Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, Ҳизби Демокартияи Нави Юнон 29,5 дарсад ва ҳизби Сириза 27,1 дарсад раъйи сокинонро ба даст овардааст.

Ҳизби Сотсиалистии Pasok соҳиби 12,3 дарсад овоз шудааст. Антонис Самарас -- раиси Ҳизби Демократияи Нав гуфт, чунин натиҷаҳои интихобот ба он маъност, ки Юнон дар қаламрави пули евро боқӣ хоҳад монд: "Имрӯз мардуми Юнон хости худро баён карданд, ки дар қаламрави евро боқӣ мемонанд ва бахше аз қаламрави евро хоҳанд буд. Онҳо ба ӯҳдадориҳои кишвар эҳтиром мегузоранд ва рушдро суръат хоҳанд бахшид. Ин пирӯзии ҳамаи Аврупост. Ман аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ даъват мекунам, то ба нерӯҳое бипайванданд, ки мехоҳанд ҳукумати наву собит ташкил диҳанд. Мо як ҷо бо муттаҳидони худ дар Аврупо кор мекунем."

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, Ҳизби Демократияи нав аз 300 курсии порлумон бояд 130 курсиро аз они худ кунад. Сириза 71 курсиро соҳиб мешавад ва Pasok 33 курсиро ишғол хоҳад кард. Ҳизби миллатгарои “Субҳи тиллоӣ” ё Golden Dawn 6,9 дарсади ороро ба даст овардааст ва соҳиби 18 курсӣ хоҳад шуд. Аммо Ҳизби Демократҳои Чап 6,1 дарсад раъй гирифтааст ва онҳо ҳам соҳиби 18 курсӣ мешаванд.

Чунин натиҷаҳо имкон медиҳад, ки Ҳизби Демократияи нав ва Ҳизби Pasok эътилофи аксариятро ташкил диҳанд. Бо вуҷуди ин, Евангелос Венизелос, раиси Ҳизби Pasok, даъват кард, ки “ҳукумати дорои масъулияти миллӣ” ташкил шавад: "Бояд ҳукумат пагоҳ ташкил шавад. Ҳукумате, ки битавонад амнияти идораи умури давлатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин кунад. Ҳукумате, ки битавонад даври дувуми музокирот бо муттаҳидони мо дар Иттиҳодияи Аврупоро бо комёбӣ пеш барад ва кишварро ба беҳбудӣ раҳнамун созад на ба лағзиш. Чунин ҳукумат дорои масъулияти миллӣ метавонад бо ширкати камаш Ҳизби Демократияи нав, Сириза, Pasok ва Ҳизби Демократҳои чап ташкил шавад.”

Аммо Алексис Тсирпас, раҳбари ҳизби Сириза, ин даъватро рад кард ва изҳор дошт, ки дар сафи мухолифон боқӣ хоҳад монд ва ҳамчунин мавзеъгириашро бар зидди кӯмаки 130 миллиардевроии Иттиҳодияи Аврупо ҳифз хоҳад кард: “Мо аз рӯзи душанбе муборизаи худро идома медиҳем, то мутмаин бошем, ки оянда на ба гурӯҳҳои зургӯ, балки ба ононе тааллуқ дорад, ки бо худ умед доранд. Субҳи рӯзи нав барои Юнон дамидааст.”

Мақомоти расмии Вошингтону Аврупо изҳори умед карданд, ки ҳукумати нави Юнон ба зудӣ ташкил хоҳад шуд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Самарасро ба пирӯзиаш табрик кард ва гуфт, мутмаин аст, ки Афина уҳдадориҳои пешини худро иҷро хоҳад кард. Сандуқи Байналмилалии Пул низ изҳороте пазш кард ва гуфт, омода аст, бо ҳукумати нави Юнон кор кунад ва барои рушди ин кишвар кӯмак намояд.
XS
SM
MD
LG