Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади Ихвонулмуслимин дар сафи пеши мубориза аст


Муҳаммад Мурсӣ
Муҳаммад Мурсӣ
Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ ва ғайрирасмӣ, дар интихоботи расёати ҷумҳурии Миср Муҳаммад Мурсӣ-номзади Ихвонулмуслимин бо 52 дарсад дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Шумориши оро поён наёфтааст. Номзади дуввум Аҳмад Шафиқ-нахуствазири пешин 48 дарсад рай ба даст овардааст. Ихвонулмуслимин ин натиҷаҳоро бо такя ба маълумоти мақомоти расмии интихоботӣ эълон кардааст ва гуфтааст, ки ин натиҷаи 95 дарсади орои шумурдашуда мебошад. Бештар аз 20 миллион рай шумурда шудааст ва ба Мурсӣ 10,5 миллион нафар рай додаанд, дар ҳоле, ки 9,5 миллион нафар аз Шафиқ ҷонибдорӣ кардаанд. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки натиҷаҳои расмии интихобот 21 июн эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG