Пайвандҳои дастрасӣ

Юнон ҳукумати эътилофӣ ташкил мекунад


Антонис Самарас

Антонис Самарас

Дар интихоботи порламонии Юнон Алексис Тсирпас-раҳбари ҳизби Сириза, ки мухолифи барномаҳои кӯмаки молист, бохти худро эътироф кард. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, Ҳизби Демокартияи Нав 29,5 дарсад рай ба даст овардааст. Баъд аз он ҳизби Сириза 27,1 дарсад рай гирифтааст. Ҳизби Сотсиалистии Pasok соҳиби 12,3 дарсад рай шудааст.

Акнун Ҳизби Демокартияи Нав ва Ҳизби Сотсиалистии Pasok метавонанд ҳукумати эътилофӣ ташкил кунанд.

Алексис Тсирпас изҳор дошт, ки дар сафи мухолифон боқӣ хоҳад монд ва ҳамчунин мавзеъгириашро бар зидди кӯмаки 130 миллиард евроии Иттиҳодияи Аврупо ҳифз хоҳад кард.

“Мо аз рӯзи душанбе муборизаи худро идома медиҳем, то мутмаин бошем, ки оянда на ба гурӯҳҳои зургӯ балки ба ононе тааллуқ дорад, ки бо худ умед доранд. Субҳи рӯзи нав барои Юнон дамидааст”.

Мақомоти расмии Вошингтону Аврупо изҳори умед карданд, ки ҳукумати нави Юнон ба зудӣ ташкил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG