Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср низомиён эъломия пахш мекунанд


Дар Миср шумориши орои райдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Ҳам нахуствазири пешин Аҳмад Шафиқ ва ҳам Муҳаммад Мурсӣ-номзади Ихвонулмуслимин иддао мекунанд, ки дар сафи пеши мубориза қарор доранд. Вале то ҳол замони эълони натаҷаҳои интихобот маълум нест.

Аз сӯи дигар, қарор аст имрӯз Шӯрои низомии Миср, ки ҳоло дар сари ҳокимият аст, баъд аз пароканда сохтани порламон эъломияеро “дар бораи илова ба Қонуни Асосӣ” ба нашр расонад. Ин санад то ҳол ба нашр нарасидааст, вале телевизиони кишвар гуфтааст, ки ҳокимияти қонунгузор ва назорат бар амалиёти молӣ дар ихтиёри Шӯрои Олӣ ва нируҳои мусаллаҳ хоҳад гузашт.

Баъд аз Ҳуснӣ Муборак ин шӯрои раҳбарии Мисрро бар уҳда дорад.
XS
SM
MD
LG