Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Тоҷикистон барои қирғизҳо ҷолиб нест


Калибек Султонов-вазири нақлиёту мухобироти Қирғизистон гуфтааст, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи тарҳи сохтмони роҳи оҳани Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин чандон ҷолиб ба назар намерасад. Tazabek.kg аз қавли Султонов навиштааст:

“Ин тарҳ чандон мавриди алоқаи мо нест, зеро тарҳи дигар, яъне тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон вуҷуд дорад, ки барои мо ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи стратегӣ муҳимтар аст. Мо шояд ба он (пешниҳоди Тоҷикистон) розӣ нашавем”.

Султонов гуфт, ҳафтаи ҷорӣ намояндагони 5 ҷиноҳи ҳизбӣ дар порламон бо чархбол масири тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистонро хоҳанд дид.
XS
SM
MD
LG