Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар наздикии Маскав дар оташ 5 нафар ҷон додаанд


Дар шаҳри Талдоми наздикии Маскав дар сӯхтори хонае 5 нафар ҷон додаанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Маскав иттилоъ додааст, ки сӯхтор дар хонаи чӯбини матрук рух додааст. Ҳангоми хомӯш кардани оташ ҷасади 2 нафар ва баъд аз комилан хомӯш кардани оташ 3 ҷасади дигар пайдо кардаанд. Дар бораи ҳуввияти ҷондодагон маълумот дода намешавад.
XS
SM
MD
LG