Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Сириза дар Юнон бохти худро эътироф кард


Алексис Тсирпас

Алексис Тсирпас

Дар интихоботи порламонии Юнон Алексис Тсирпас-раҳбари ҳизби Сириза, ки мухолифи барномаҳои кӯмаки молист, бохти худро эътироф кард. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, Ҳизби Демокартияи нав 29,5 дарсад рай ба даст овард. Баъд аз он ҳизби Сириза 27,1 дарсад рай гирифтааст. Ҳизби Сотсиалистии Pasok соҳиби 12,3 дарсад рай шуд. Ин натиҷаҳо бад-он маъност, ки Ҳизби Демократияи нав ва Ҳизби Pasok метавонанд эътилофи аксариятро ташкил диҳанд. Вале Евангелос Венизелос-раиси Ҳизби Pasok даъват кардааст, ки “ҳукумати дорои масъулияти миллӣ “ташкил шавад, ки мумкин аст ба он Сириза низ дохил шавад. Раҳбари Ҳизби Сириза изҳор дошт, ки ҳизби вай дар мухолифат қарор хоҳад дошт ва ба барномаҳои 130 миллиард евро кӯмаки молӣ мухолифат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG