Пайвандҳои дастрасӣ

Имкони пирӯзии сотсиалистҳо дар интихоботи Фаронса


Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар даври дуввуми интихоботи порламонии рӯзи якшанбеи Фаронса Ҳизби Сотсиалист ба раҳбарии Франсуа Олланд-раиси ҷумҳур пирӯз хоҳад шуд.

Ҳизби Сотсиалист ва муттаҳиддони онҳо аз ҳизбҳои дигари чапгаро 320 ҷойро дар порламони дорои 577 намоянда соҳиб хоҳанд шуд.

Коршиносону нозирон бар ин ақидаанд, ки чунин бартарӣ ба сотсиалистҳо имкон хоҳад дод, то онҳо бидуни ҳимояти муттаҳидони билқувваи худ ислоҳотеро дар Фаронса анҷом диҳанд, ки дар барномаҳои худ пешбинӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG