Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод гуфт, дар соли 2013 сиёсатро тарк мекунад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар сӯҳбат бо нашрияи олмонӣ гуфт, нақша дорад баъд аз поёни даври дуюми раёсатҷумҳурияш дар соли оянда саҳнаи сиёсиро тарк кунад. Дар мусоҳибае, ки рӯзномаи “Франкфуртер Алгемайне Сонтагтсайтунг” рӯзи 16-уми июн нашр кард, Аҳмадинажод гуфтааст, “ду давр кофист” ва ӯ ҳадаф надорад, бо пайравӣ аз намунаи президенти Русия, Владимир Путин барои бозгашт ба интихобот дар соли 2017 талош кунад. Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, мақсади таъсиси ҳизби сиёсӣ низ надорад. Вай афзуд, мехоҳад, ба кори таҳқиқотӣ дар донишгоҳ баргардад, аммо омехтанаш ба фаъолиятҳои сиёсиро дар он ҷо аз эҳтимол дур надонист.
XS
SM
MD
LG