Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафинаи махфии кайҳонии Амрико ба замин баргашт


Киштии кайҳонии беодами Нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида, пас аз 15 моҳи парвоз дар мадори Замин рӯзи шанбе дар пойгоҳи ҳарбии Калифорния фуруд омад. Сафинаи рафту бозгашти кайҳонии X-37B моҳи марти соли гузашта аз Флорида барои озмоиш парвоз карда буд, вале вазифаҳои махфӣ низ дошт. Ин дувумин киштии махсуси Амрикост, ки коршиносон мегӯянд, метавонад барои кашондани бор ба Истгоҳи кайҳонӣ ё маҳви моҳвораҳо дар мадори Замин истифода шавад. Чин низ аз моҳи январ ба ин сӯ сафинаи монандеро бо номи Шенлонг озмоиш мекунад.
XS
SM
MD
LG