Пайвандҳои дастрасӣ

Миср дар дуроҳаи дунявият ва исломгароӣ


Муҳаммад Мурсӣ, номзади раёсатҷумҳурӣ аз ҳизби «Ихвон-ал-муслимин».

Муҳаммад Мурсӣ, номзади раёсатҷумҳурӣ аз ҳизби «Ихвон-ал-муслимин».

Дар Миср даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо рақобати шадиди ду бахши ҷомеа идома дорад.

Дар даври дуюми интихоботи президентии Миср ин бор ду номзад, Муҳаммад Мурсӣ аз «Ихвон-ал-муслимин» ва Аҳмад Шафиқ -- охирин сарвазири давраи роҳбарии президенти барканоршуда Ҳуснӣ Муборак бо ҳам дар сабқатанд.

Мурсӣ ваъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ медиҳад ва мегӯяд, аз дастовардҳои инқилоби Миср ҳимоят хоҳад кард. Аммо Шафиқ шиор медиҳад, ки эътидолу суботро ба кишвар хоҳад бозгардонд. Дар охирин паёми интихоботияш рӯзи ҷумъа Мусрӣ гуфт, кишвар таҳти роҳбарии ӯ сараҷамъ хоҳад шуд ва ӯ ба ҳаққи насрониҳову дунявиҳо арҷ хоҳад гузошт. Мурсӣ дар даври қаблии интихобот 24,7 ва Шафиқ 23,6 дарсад райъ оварда буданд.

Бино бар хабарҳо, дар ду рӯзи интихобот шиддати сиёсӣ дар кишвар ба авҷ расида, барои таъмини амният 150 000 сарбоз сафарбар шудаанд. То ҳоло аз хушунате хабар нарасидааст, ба истиснои кашокаши тарафдорони ду номзад дар бархе аз ҳавзаҳои интихоботӣ.

Дабири кулли Лигаи Араб, Нобил Эларабӣ, ки низ шаҳрванди Миср аст, ҳангоми раъйдиҳияш рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт: "Мардуми Миср ба майдони Таҳрир баромад то ба озодӣ, демократия ва адолати иҷтимоӣ расад. Ин орзу амалӣ шуд. Вале ҳама чӣ вақт мехоҳад. Набояд шитоб кард."

Дар ин пайт аз суханони ӯ яке аз журналист пурсид оё ӯ дар бобати интихоб байни давлати дунявӣ ва динӣ чӣ назар дорад?

Нобил Эларабӣ: "Шахсан ман, бе ҳеҷ дудилагӣ, барои давлати дунявӣ раъй медиҳам.”

Яке аз тарафдорони Мурсӣ ба телевизиони Ройтерз гуфт: "Ман умедворам, президенти нав ба одамон нағз муносибат хоҳад кард, барои ҷавонон ҷойҳои кор хоҳад сохт, мушкили манзилро ҳал хоҳад кард ва кишоварзиро, ки пойдевори ҳаёти мост, рушд хоҳад дод.”

Дар ин байн раҳбари муваққати Миср, фелд-маршал Ҳусейн Тантавӣ амр додааст, вуруд ба бинои порлумон манъ аст ва ҳукми Додгоҳи олии қонуни асосии Миср, ки порлумонро пароканда эълон кардааст, бояд риоят шавад. Додгоҳ рӯзи 14-уми июн ҳукм баровард, ки интихоботи порлумонии соли гузашта ғайриқонунӣ буд ва ҳукумати низомии Миср рӯзи шанбе аз ин ҳукм ҳимоят кард.

Порлумони Миср дар ҳоле пароканда эълон шуд, ки “Ихвон-ал-муслимин” дар он бузургтарин ҷиноҳро ташкил медод. Ҳукумати низомии Миср гуфт, ин гурӯҳ намояндаи “як табаддулоти зидди равандҳои демократӣ” дар Миср аст. Дар посух “Ихвон-ал-муслимин” изҳорот нашр намуд ва мегӯяд, ҳокимони ҳарбӣ бо ин иқдом мехоҳанд, монополияи худро ба қудрати сиёсӣ дар кишвар ҳифз кунанд. Ин дар ҳолест, ҳокимони ҳарбии Миср гуфтаанд, қудратро то охири ин моҳ ба ғолиби интихоботи раёсатҷумҳурӣ таслим хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG