Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби 16-уми июн бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар гурӯҳи А баргузор шуданд.

Ҳарду бозӣ дар як вақт дар Лаҳистон барпо гардид. Дар шаҳри Варшава дастаҳои мунтахаби Русия ва Юнон рақобат карданд. Бозӣ бо ғалабаи юнониҳо бо ҳисоби 1:0 поён ёфт. Голро Карагунис дар дақиқаи 47-ум ба самар расонд.

Дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон дар шаҳри Вротслав қуваозмоӣ карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи чехҳо анҷом пазируфт. Голро Йирачек дар дақиқаи 72-юм вориди дарвозаи лаҳистониҳо кард.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи А мунтахаби Ҷумҳурии Чех бо 6 имтиёз ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Юнону Русия чор имтиёзӣ гирифтанд. Бо назардошти он ки юнониҳо бар русиягиҳо ғолиб омаданд, тими мунтахаби Юнон мақоми дувумро касб кард. Русия дар ҷойи севум қарор гирифт. Лаҳистон бо ду имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Аз ин гурӯҳ Ҷумҳурии Чех ва Юнон ба чорякфинал баромаданд. Вале Русияву Лаҳистон ба мисли Ирландия (гурӯҳи С) ва Шветсия (гурӯҳи D) аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Ҷумҳурии Чех бо дастае, ки дар гурӯҳи B ҷойи дувумро мегирад ва Юнон бо ғолиби гурӯҳи B рақобат хоҳанд кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манчукич (Хорватия) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания), Сеск Фабрегас (Испания) ва Петр Йирачек (Ҷумҳурии Чех) дуголӣ задаанд.

Имшаб, 17-уми июн, дар Украина ду бозии охирин дар гурӯҳи В миёни дастаҳои мунтахаби Дания ва Олмон, Португалия ва Ҳоланд баргузор мешавад. Ҳарду бозӣ дар як вақт – соати 23:45 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи В: 1. Олмон – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-1). 2. Португалия – 3 (3-3). 3. Дания – 3 (3–3). 4. Ҳолланд – 0 (1-3).
XS
SM
MD
LG