Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лигаи олӣ: Пирӯзии "Парвоз" ва "Истаравшан"


Tajikistan -- Football match between Tajik teams "Parvoz" and "Khayr" in Sughd region, 07Jun2010

Tajikistan -- Football match between Tajik teams "Parvoz" and "Khayr" in Sughd region, 07Jun2010

Шоми шанбеи 16-уми июн ду бозии даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст:

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор) – 6:1
Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Мансур Ҳакимов ва Асадулло Бобоҷонов (ҳарду- “Парвоз”) се голӣ заданд.

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 1:3
Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент.
Голҳои “Истаравшан”-ро Абдураҳмон Қурбонов, Илҳом Баротов ва Шӯҳрат Шамсиев заданд.

17-уми июн, якшанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.30

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХАЙР» (Ваҳдат).
Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода.

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе).
Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд.

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 11-уми мусобиқаи Лигаи олӣ ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир” (Душанбе) - “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) -”Равшан” (Кӯлоб), ки бар асоси ҷадвали бозиҳо мебоист 16-ум ва 17-уми июн барпо мегашт, ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони дастаҳои ССКА “Помир”, “Энергетик” ва “Вахш” дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия барпо мегардад, гирифта шуд.”

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 9 8 1 0 25-6 25
2. "Равшан" 9 8 0 1 16-5 24
3. "Хуҷанд" 9 5 1 3 18-14 16
4. "Истиқлол" 8 4 2 2 18-8 14
5. "Истаравшан” 10 4 2 4 17-20 14
6. “Парвоз” 10 4 1 5 25-17 13
7. "Вахш" 7 4 1 2 12-4 13
8. "Энергетик” 8 3 4 1 15-10 13
9. “Хайр” 7 3 2 2 13-12 11
10. ССКА “Помир” 8 2 2 4 9-14 8
11. “Зарафшон” 10 1 3 6 13-28 6
12. "Ҳосилот” 11 1 1 9 10-30 4
13. "Гвардия” 10 1 0 9 7-30 3


Нишонзанҳои беҳтарин: Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") - 9 гол, Габриэл Донто (“Энергетик”) - 8 гол, Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд"), Мансур Ҳакимов – («Парвоз»)- 7 голӣ, Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов (ҳарду аз “Истиқлол”), Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”)- 6-голӣ, Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”) - 5-голӣ.

Даври 12-ум
23 июн (шанбе)
«Ҳосилот» - «Истаравшан»
«Истиқлол» - «Зарафшон»
24 июн (якшанбе)
«Хайр» - «Хуҷанд»
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»

Федератсияи футболи Тоҷикистон таърихи баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро муайян кард.

Бозиҳои давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ, ки аз сабаби ширкати футболбозони баъзе бошгоҳҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва иштироки онҳо дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) дар Малайзия ба мӯҳлати дертар гузаронида шуда буданд, аз 11-ум то 28-уми июл баргузор мешаванд.

11-уми июл, чоршанбе
Бозиҳои даври 9-ум
«Вахш» - «Истиқлол»
«Парвоз» - «Энергетик»
ССКА «Помир» - «Хайр»

17-уми июл, ҷумъа
Бозии даври 10-ум
«Хайр» - «Вахш»
Бозии даври 11-ум
ССКА «Помир» - «Энергетик»

21-уми июл, сешанбе
Бозии даври 11-ум
«Вахш» - «Равшан»
Бозии даври 12-ум
«Гвардия» - ССКА «Помир»

25-уми июл, шанбе
Бозии даври 12-ум
«Энергетик» - «Вахш»
Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл, сешанбе
Бозии даври 13-ум
«Вахш» - «Гвардия»
Оғози бозиҳо – соати 17:30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG