Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Фирӯз Нарзуллоеви 18-соларо, ки дар қатли "Бобои барфӣ" гумонбар дониста мешуд, дастгир кард.

Ҷалолиддин Садриддинов, корманди дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо «Озодӣ» ин хабарро таъийд кард ва гуфт, Фирӯз Нарзуллоев, ки дар қатли Парвиз Давлатбеков, гумонбар дониста мешуд ва дар пайгард қарор дошт, аз сӯи кормандони мақомоти умури дохилаи ноҳияи Сино дар кӯчаи Маяковскии пойтахт боздошт шуд.

Парвиз Давлатбеков, ки шоми соли нави 2012 дар либоси «Бобои барфӣ» ба табрики наздикон мерафт, дар як муноқиша бо чанд тан ноболиғ мавриди ҳамла қарор гирифта, аз зарби корд ба ҳалокат расид.

Дар робита ба ин ҳодиса се ҷавони аз 17 то 25 сола ва як навраси 16 сола дастгир ва аз сӯйи додгоҳ гунаҳкор дониста шуданд.

Дар натиҷа Беҳрӯз Шарифов, сокини 16 солаи Душанбе дар қатли Парвиз Давлатбеков муттаҳам ва барои 10 сол, Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев, 4 солӣ равонаи зиндон шуданд. Аммо додгоҳ нисбат ба Ҳасан Абдурашидови ноболиғ, ҷазои маъмуриро тадбиқ намуда, чор ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Дар рафти тафтишоти парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков, дар баробари Фирӯз Нарзуллоев низ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ки ахиран дастгир гардид.

Хушқадам Мақсудов, вакили дифои ҷониби ҷабрдида дар парвандаи қатли «Бобои барфӣ» мегӯяд, боздошти нафари дигари гумонбар дар куштори Парвиз Давлатбеков ба ҳукми муҷримини алакай маҳкум шуда таъсире нахоҳад дошт, зеро онҳо тибқи қонун муҷозот шудаанд.

Рамазон Раҳимов

Рамазон Раҳимов

Ин ҳам дар ҳолест, ки як моҳ қабл Рамазон Раҳимов вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни як мулоқот бо ҷавонон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноякории ҷавонону ноболиғон нигаронии амиқ карда гуфт, онҳо ба хотири пешгирии ҷинояткорӣ дар миёни насли наврас маъракаи таблиғ ва назоратиро шадидтар хоҳанд кард.

Ба гуфти Рамазон Раҳимов, танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вазир, афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ба гуфти Рамазон Раҳимов, танҳо аз оғози сол то имрӯз 230 нафар аз ҷавонон пушти панҷара рафтаанд, ки 6 нафари онҳо донишҷӯ буданд.

Рамазон Раҳимов афзуд, “аз ҷониби воҳидҳои тафтишоти мақомоти умури дохилӣ сар аз оғози соли ҷорӣ 1136 парвандаи ҷиноӣ дар баробари 1249 нафар ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён боз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст. Тибқи маълумоти мавҷуда то имрӯз дар қайди маркази наркологии Тоҷикистон 7254 нафар нашъамандон қарор доранд, ки 2314 нафари онҳоро ҷавонони аз 18 то 34 сола ташкил медиҳанд”.

Дар ҳамин ҳол хабарҳои дафтари матбуоти вазорати дохилаи Тоҷикистон ҳокист, ки ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш наёфтааст, аммо кашфи ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон зиёд ба назар мерасад. Ин манбаъ хабар медиҳад, ки мақомоти интизомӣ як рӯз қабл низ ду нафар ноболиғеро дар Душанбе боздошт кардаанд, ки дар қатли муйсафеди 87 сола муттаҳам дониста мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG