Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин зани астронавти Чин ба кайҳон парвоз кард


Чин аввалин зани астронавти худро ба кайҳон фиристод. Лию Янги 33-сола ҳамроҳ бо ду ҳамсафари мардаш аз маркази партоби моҳвораҳои Юкюан дар биёбони Гобӣ шимолуғарби кишвар ба кайҳон парид. Сарфармондеҳи барномаҳои кайҳонии Чин, Чанг Ванкюан гуфт, ҳайат дар бораи расиданаш ба мадори Замин гузориш дод ва партоби сафина бо “муваффақияти тамом” анҷом гирифт. Дар мадор сафина дар иншооти кайҳоние, ки Чин моҳи сентябри соли гузашта ба кайҳон бароварда буд, лангар меандозад. Пайвасти дастии киштӣ бо иншоот як қадами асосии Чин дар бунёди истгоҳи кайҳонӣ шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG