Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони Созмони Милал фаъолияти худро дар Сурия қатъ карданд


Нозирони Созмони Милал ва Лигаи Араб гуфтаанд, фаъолияти худро дар Сурия бо сабаби авҷ гирифтани хушунатҳо қатъ мекунанд. Изҳороти онҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки фаъолони Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлат маҳаллаеро дар канораи Димишқ, пойтахти Сурия ҳадафи гулӯлаборон қарор додааст. Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Бритониё гуфт, ба маҳаллаҳои Доума, Арбин ва Тол зарбаи тӯпхона зада шудааст. Хабаргузории давлатии Сурия САНА гузориш дод, ки низомиён дар Доума амалиётеро зидди “террористон” анҷом додаанд. Ба қавли Дидбони ҳуқуқи башари Сурия зиёда аз ҳазор оила, ба ҷумлаи занону кӯдакон дар ин минтақа дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG