Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои давлатӣ канораи Димишқро гулӯлаборон карданд


Фаъолони Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлат маҳаллаеро дар канораи Димишқ, пойтахти Сурия ҳадафи гулӯлаборон қарор додааст. Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Бритониё гуфт, ба маҳаллаҳои Доума, Арбин ва Тол зарбаи тӯпхона зада шудааст. Хабаргузории давлатии Сурия САНА гузориш дод, ки низомиён дар Доума амалиётеро зидди “террористон” анҷом додаанд. Ба қавли Дидбони ҳуқуқи башари Сурия зиёда аз ҳазор оила, ба ҷумлаи занону кӯдакон дар ин минтақа дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ мондаанд. Хабаргузории Вотикон гуфт, дар канораи Ҳумс 800 мусулмон ва насронӣ дар муҳосира монда, паём додаанд, ки “Аз барои Худо, моро ба ҳоламон бигузоред”.
XS
SM
MD
LG