Пайвандҳои дастрасӣ

Вориси тахти подшоҳии Арабистони Саудӣ фавтид


Хонадони салтанатии Саудия мегӯяд, шоҳзодаи валиаҳд Ноиф, ки подшоҳи ояндаи Арабистони Саудӣ мешуд, дар синни 70-солагӣ фавтидааст. Дар изҳороти шоҳ Абдулло гуфта мешавад, ки валиаҳд рӯзи якшанбе дар Макка дафн хоҳад шуд. Телевизиони давлатии “Ал-ахбория”-и Саудия гуфт, Ноиф дар як бемористоне хориҷ аз Арабистони Саудӣ фавтидааст. Вай чандин моҳ ба ин сӯ бемор буд ва дар Швейтсария муолиҷа мешуд. Ноиф аз соли 1975 инҷониб вазири умури дохилии Саудия буд ва ба амалиёти саркӯби ал-Қоида дар кишвар сарварӣ мекард.
XS
SM
MD
LG