Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии мақомоти Эрон аз афзоиши шаробхорӣ


Қочоқбарон ҳангоми омодагӣ ба интиқоли машруб ба Эрон дар минтақаи Сулаймонияи Ироқ, 260-километрии шимолушарқи Бағдод. 26-уми январи соли 2012

Қочоқбарон ҳангоми омодагӣ ба интиқоли машруб ба Эрон дар минтақаи Сулаймонияи Ироқ, 260-километрии шимолушарқи Бағдод. 26-уми январи соли 2012

Бардоште вуҷуд дорад, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шаробу арақ манъ аст ва ба ғайр аз насрониҳо касе наменӯшад.

Май ҳамеша як ҷузъи фарҳанги эронӣ будааст. Ишораҳо ба он дар назми форсӣ аз Фирдавсӣ то Хайёму Ҳофиз зиёд ба чашм мехӯрад. Аммо сар аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1979 ҳамаи анвои нӯшиданиҳои алкоголӣ дар Эрон мамнӯъ эълон шуда, барои тавлид, истеъмол, нигаҳдошт ё фурӯши он ҷазои ҷарима, шаллоқ ва зиндон муқаррар гашт.

Бо вуҷуди ҷазоҳои сахт ва мусодираи миллионҳо литр машруб, мақомоти Эрон мегӯянд, истеъмоли он дар ҳоли афзоиш аст. Рӯзномаҳои чопи Теҳрон дар авали ин ҳафта навиштанд, мусодираи алкогол дар як соли гузашта 69 дарсад бештар шудааст.

Ноиби вазири беҳдошти Эрон Алиризо Мисдоқиниё рӯзи 13-уми июн изҳори нигаронӣ кард, ки истеъмоли машруб афзоиш ёфта, ба саломатии мардум зарба мезанад ва ҳам хилофи арзишҳои динию ахлоқии ҷомеаи эронист. Вай гуфт: “Ангезаҳои хусусӣ сабаби афзоиши истеъмоли алкул дар ҷомеа шудаанд ва бархе бар инанд, ки истеъмоли машруб роҳи расидагӣ ба яъсу ғами онҳост.”

Мустафо Иқлимо
, раиси ҷамъияти “Кори иҷтимоӣ”-и Эрон мегӯяд, нӯшиндани машруб як роҳи гурез шудааст: “Дар ҷомеае, ки мо имрӯз бо таварруми зиёд ва фишорҳои иҷтимоӣ ва адами таодули иқтисодӣ мувоҷеҳем, барои бархе нӯшиданиҳои алкулӣ як навъ оромкунандаанд. Одамон барои ором кардани худшон ба машруботи алкулӣ мепардозанд.”

Моҳи гузашта раҳбари Шӯрои сиёсатгузори Вазорати беҳдошти Эрон, Боқири Лориҷонӣ, аз ҳисоботи бемористон ва пизишкон дар бораи афзоиши истеъмоли алкогол дар минтақаҳои ҷанубии Теҳрон, маҳалли зисти хонаводаҳои камбизоат, ҳушдор дод. Аммо ӯ ҳамчунин гуфт, суистифода аз нӯшокиҳои алкоголӣ дар манотиқи дигари кшвар низ ба мушкли умда табдил ёфта, таваҷҷӯҳи хоси ҳукуматро талаб мекунад. “Мо бояд ба ин масъала ҳассос бошем ва ба он ҳатто бештар аз бемориҳои диабет ё қалб диққат диҳем,” – гуфт Лориҷонӣ.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, Эрон зиёда аз 2 миллион бемори нашъамандӣ дорад, ки аксари онҳо гирифтори алкогол низ ҳастанд. Бино бар гузоришҳои матбуот, солона то 80 миллион литр алкогол бо роҳи дуздӣ ба Эрон ворид ва аз се як ҳиссаи он кашфу мусодира мешавад. Дар “бозори сиёҳ” ҳама навъи машруб аз арақи хонагии арманӣ ё пиво гирифта, то вискӣ ва майҳои фаронсавӣ қобили дарёфт аст. Ин нӯшокиҳо ба таври пинҳонӣ дар дӯконҳо фурӯхта мешаванд ва ҳам хадамоти махфие мавҷуд аст, ки онҳоро ба манзили мардум мерасонад.

Баъзе аз эрониҳо дар хона май ва мусаллас таҳия мекунанд. Манъи алкогол ба ақаллиятҳои насронӣ дахл надорад. Дар кишвар борҳо корхонаҳои махфии тавлиди шароб кашф шуданд.

Солҳои охир шумораи афроде, ки аз истеъмоли шароби тавлиди дохилӣ фавтидаанд ё ҳисси биноии худро аз даст додаанд, низ афзоиш ёфтааст. Рӯзномаи “Шарқ” ба нақл аз мақомотии давлатӣ менависад, барои ёфтани маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломӣ метавон 22 дақиқа сарф кард ва барои дарёфти машруб ҳамагӣ 17 дақиқа.

Ҷаноби Иқлимо мегӯяд, бо вуҷуди назорати сахти полис, машруб дар ҷашнҳои хонаводагӣ ҷойгоҳи васеътар пайдо мекунад: “Базми арӯсие нест, ки дар он як утоқ барои онҳое набошад, ки мехоҳанд, машруб бихӯранд. Кайҳост, ки ин чизи аҷибе нест. Фақат қаблан омор нашр намешуд, ҳоло омор ҳам ҳаст.”

Марди теҳроние, ки хост, аз ӯ ном бурда нашавад, мегӯяд, “Ману дӯстонам одат дорем, гоҳо каме бинӯшем, то ҳамаи нороҳатиҳоро фаромӯш кунем, фориғ шавем. Медонам, ки мумкин аст, барои ин ҳабс ва ҷарима шавам, вале парво надорам, ман як дами бароҳат ҳам мехоҳам.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG