Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Миср


Дар Миср даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ идома дорад. Ин бор ду номзад, Муҳаммад Мусрӣ аз «Ихвон-ал-муслимин» ва Аҳмад Шафиқ, охирин сарвазири давраи роҳбарии Ҳуснӣ Муборак бо ҳам дар сабқатанд. Шиддати сиёсӣ дар кишвар ба авҷ расида, барои таъмини назму амнияти ду рӯзи раъйдиҳӣ 150 000 сарбоз дар шаҳру русто мустақар шудаанд. Бисёре аз мисриҳо ҳарос доранд, ки пирӯзии Шафиқ сабаби бозгашт ба ҳокимияти сабки Муборак хоҳад буд, вале бархи дигар аз он метарсанд, ки Мусрӣ кишварро ба давлати исломӣ табдил хоҳад дод. Дар охирин паёми интихоботияш рӯзи ҷумъа Мусрӣ гуфт, кишвар таҳти сарварии ӯ ҷомеъ хоҳад буд ва ба ҳаққи насрониҳову дунявиҳо арҷ хоҳад гузошт. Мусрӣ дар даври қаблии интихобот 24,7 ва Шафиқ 23,6 дарсадӣ райъ гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG