Пайвандҳои дастрасӣ

Дорбози машҳур аз рӯйи шаршараи Ниагара гузашт


Дорбози машҳур Ник Валленда аввалин шахсе шуд, ки дар сад соли охир аз рӯйи шаршараи Ниагара гузашт. Убури ӯ аз доре, ки 550 метр дарозӣ дошт, 40 дақиқа идома кард ва ӯ қадамҳои охирро давида, ба издиҳоми бинандагон дастафшонӣ кард. Валленде намояндаи насли ҳафтуми хонадони дорбозҳоест, ки Валлендаҳои Паррон ном гирифтаанд. 125 000 нафар дар ҷои воқеа ва миллионҳо тани дигар ба воситаи телевизион ин корнамоии ӯро тамошо карданд. Бо дархости шабакаҳои телевизионӣ Ник ба худ ресмони эҳтиётӣ баста буд. Акнун вай қасд дорад, дараи Канъони Кабир дар аёлати Аризонаи Амрикоро, ки се мартаба аз Ниагара дарозтар аст, убур кунад.
XS
SM
MD
LG