Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти боз як гумонбари фирорӣ ба қатли «Бобои барфӣ»


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як нафар гумонбар дар қатли Парвиз Давлатбековро, ки шаби соли нави 2012 дар либоси «Бобои барфӣ» кушта шуда буд, дастгир кардаанд.

Тавре сомонаи ин ниҳод менависад, додситонии Душанбе, дар рафти тафтишоти ин парвандаи ҷиноятӣ шаҳрванд Фирӯз Нарзуллоеви 18 соларо мавриди ҷустуҷӯ қарор дод ва шоми 14 июн ӯро дар атрофии маҳалаи Маяковскии пойтахт боздошт намуд.

Мавриди зикр аст, ки додгоҳи шаҳри Душанбе дар куштори Парвиз Давлатбеков алакай се ҷавони аз 25 то 17 соларо ба мӯҳлати аз 10 то 4 сол вориди зиндон намуда, нисбати як нафари онҳо ҷазои маъмурӣ ба ҳайси ҷарима тадбиқ намуд.

Муҳокимаи парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков, ки бо номи «Бобои барфӣ» маъруф аст, аз пурсарусадотарин қазияҳои соли ҷорӣ маҳсуб мешавад. Ба иттилои масъулони додгоҳ, дар ин куштор дар маҷмӯъ 8 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Ҳамла ба Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январи соли 2012 рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав либоси "Бобои барфӣ"-ро ба тан кард, вале дар даромадгоҳи бинои манзили яке аз хешовандонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса нопадид шуданд.
XS
SM
MD
LG