Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз ихроҷи муҳоҷирони ҷавон даст кашид


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифт, ба таври муваққатӣ депорти муҳоҷирони ҷавони ғайриқонуниро қатъ кунад.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, эълом дошт, ки кишвараш сар аз ин лаҳза ихроҷи муҳоҷирони ҷавони ғайриқонуниро қатъ мекунад. Вай афзуд, дар ин бора ба Идораи Амнияти Дохилии Амрико дастур додааст ва дар чанд моҳи оянда афроде, ки ҳарчанд ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ кардаву ба амнияти ҷомеа таҳдид намекунанд, метавонанд, барои бекор шудани ҳукми ихроҷ ва дарёфти иҷозаи расмии кор ариза диҳанд.

Дар бобати ангезаҳои ин қарор Обама гуфт, "ихроҷи ҷавонони боҳунар аз кишвар, ки аз рӯйи ҳамаи талош ва мақсадашон амрикоиянд, маънӣ надорад. Онҳо ба ҳайси амрикоӣ ба воя расидаанд ва мефаҳманд, ки бахше аз кишваранд. Ихроҷи ҷавононе, ки мехоҳанд, корхонаҳои кишварро пур кунанд ё бизнеси худро ба роҳ монанд ва ё дар ҳифзи кишвар ширкат кунанд ва он ҳам танҳо барои амали волидайни онҳо ё беамалии сиёсатмадорон, кори оқилона нест."

Ҳамзамон раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ишора кард, ки ин тасмим афви муҳоҷирон, эълони дахлнопазирии онҳо ё ҳалли доимии масъала набуда, балки як чораи муваққатии расидагӣ ба холигоҳест, ки рӯйи истифодаи дурусти захираҳои кишвар тамаркуз мекунад. Вай илова кард, ки бо ин чора Амрико "ба ҷавонони боистеъдод, боангеза ва ватанхоҳ як андоза сабукӣ ва умед" мебахшад.

Қатъи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Иёлоти Муттаҳида дар ҳоле ба ҳукми қонун медарояд, ки шумораи чунин муҳоҷирон дар ин кишвар чандин миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз Тоҷикистон низ тақрибан наздик ба 6000 нафар ва асосан ҷавонон дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд, ки иқомати чандсад нафари онҳо дар ин кишвар ғайриқонунист. Соли 2010 чанд нафар аз онҳо, аз ҷумла ду донишҷӯдухтар барои зиндагии бе раводид дар аёлати Ню Йорк ҳукми ҳабс ва ихроҷ гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG