Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Носирҷон Маъмурзода, хабарнигори радиои «Озодӣ» дар вилояти Хатлон дар як озмуни ҷумҳуриявӣ миёни рӯзноманигорон соҳиби мақоми аввал шудааст.

Ин озмун, ки аз тарафи бархе аз созмонҳои байналмилалӣ назири намояндагиҳои СММ ва САҲА дар Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараке таҳти унвони «Ҷилавгирӣ аз зӯроварии хонаводагӣ» баргузор шуда буд, рӯзи ҷумъаи 15 июн дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Озмуни мазкур барои матолибу гузоришҳо дар се бахш, матбуот, радио ва телевизион эълон шуда ва мӯҳлати он аз аввали соли ҷорӣ то 1 июнро дар бар мегирифт. Ба ин тартиб Ҳуриниссо Ализода, сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» як корманди шабакаи аввали ТВТ дар бахши телевизион ва Носирҷон Маъмурзода, хабарнигори радиои «Озодӣ» барои гузориши радиоӣ барандагони ҷойҳои аввал дониста мешаванд.

Зимнан Носирҷон Маъмурзода дар гузашта низ бо мукофтоҳое ба мисли Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон тақдир шудааст. Носирҷон Маъмурзода аз соли 2005 ба ин сӯ дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG