Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои қаҳрамонии Аврупо 2012


Бозиҳои гурӯҳӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2012 дар Лаҳистону Украина бо ширкати 16 даста ҷараён дорад. Баъди аз бозиҳои ду даври мусобиқа дар се гурӯҳ танҳо дастаи мунтахаби Ирландия аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуд. Ирландиҳо пас аз бохти дувумашон дар гурӯҳи С аз дастаи Испания бо ҳисоби бузурги 0:4 новобаста ба натиҷаи бозии охиринашон бо Италия имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст доданд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манҷукич (Хорватия) бо 3-голӣ пешсафанд.

Шоми ҷумъа дар Украина ду бозии охирини даври дувум дар гурӯҳи D баргузор мешавад. Нахуст дастаҳои мунтахаби Украина ва Фаронса дар шаҳри Донетск, дастаҳои Шветсия ва Инглистон дар Киев бозӣ мекунанд. Ҳоло дар ин гурӯҳ Украина бо 3 имтиёз дар зинаи аввал аст. Инглистону Фаронса якимтиёзӣ доранд. Вале Шветсия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG