Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуд Бобоев, мудири техникии бошгоҳи футболи “Истаравшан”-и Истаравшан аз даҳ бозии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон маҳрум ва ба маблағи 10 000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Дар қарори ин кумита зикр шудааст, ки дар бозии “Истаравшан” бо “Хуҷанд”-и “Хуҷанд” (10-уми июн) Маҳмуд Бобоев муқобили доварони ин бозӣ қувваи ҷисмонӣ ба кор бурдааст.

Инчунин бо қарори кумитаи назорату интизоми ФФТ бошгоҳи футболи “Хуҷанд” барои сари вақт ба ихтиёри дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон сафарбар накардани футболбозон Мӯъминҷон Гадойбоев ва Манучеҳр Аҳмадов ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима андохта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG