Пайвандҳои дастрасӣ

Нур Нуров дигар ҳақи дахлнопазирӣ надорад


Нур Нуров-додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон бо тасмими Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз ҳақи дахлнопазирӣ маҳрум шуд.

Шавкат Сайидов-сухангӯи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон 15 июн ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки чунин пешниҳод аз Шерхон Салимзода-Додситони кулли Тоҷикистон ба порламон расида буд. Тибқи иттиллои ҳамин манбаъ, пешниҳоди Додситони кулли Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият «барои ба муҷозот кашидан ва дар сурати зарурат ба ҳабс гирифтани Нуров Нур Эрмонович-додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар иҷлоси 14 июн аз тарафи аъзои Маҷлиси Миллӣ пазируффта шудааст.

Нур Эрмонович Нуров собиқаи тақрибан 30-солаи корӣ дошта, аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 нафар аз сокинони Исфараро, ки ба қазияи Низомхон Ҷӯраев-раҳбари пешини корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара ва вакили собиқи Маҷлиси вилояти Суғд иртибот дорад, бар ӯҳда доштааст.
XS
SM
MD
LG