Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои энержиро баррасӣ карданд


Лутфулло Фурузанда ва Эмомалӣ Раҳмон

Лутфулло Фурузанда ва Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Лутфулло Фурузанда-муовини раиси ҷумҳури Эрон мулоқот анҷом дод. Оқои Фурузанда барои боздиди якрӯза вориди Тоҷикистон шудааст ва дар дидори ҷонибҳо масъалаи такмили корҳои чархаи дуввуми ниругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, оғози корҳои сохтмонӣ дар ниругоҳи барқи обии “Айнӣ” дар рудхонаи Зарафшон ва соири ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар баррасӣ шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 150 ширкати эронӣ фаъолият мекунад ва доду гирифти колои миёни ин ду кишвар дар соли 2011 204 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG