Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Мӯҳсин Муҳаммадиев аз дастаи "Рубин"


Мӯҳсин Муҳаммадиев, собиқ футболбози машҳури дастаи “Помир”-и Душанбе, аз вазифаи мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон, қаҳрамони дукаратаи Русия, барканор шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиеви 45-сола соли 2008-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин” таъйин шуда буд. Ба гуфтаи худи Мӯҳсин ӯ бо бошгоҳи футболи “Рубин” то моҳи декабри соли 2013-ум қарордод баста буд. Вале президенти нави бошгоҳи “Рубин” Валерий Сорокин ин қарордодро пеш аз мӯҳлат лағв кард.

Ба вазифаи мудири варзишии бошгоҳи “Рубин” Андрей Громови 33-сола, ки пештар дар бошгоҳи футболи “Химки” (вилояти Маскав) кор мекард, таъйин хоҳад шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, “Анкарагюджю” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) як бозӣ анҷом додааст. Аз соли 2003-юм ба кори мураббигӣ гузаштааст. Мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) – 2003-2005 ва аз соли 2006-ум то апрели 2008-ум сармураббии ин даста буд. Соли 2007-ум «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон буд.
XS
SM
MD
LG