Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии "тарҳ"-и лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Лутфулло Фурӯзанда, ноиби раисиҷумҳури Эрон. Душанбе, 15-уми июн
Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Лутфулло Фурӯзанда, ноиби раисиҷумҳури Эрон. Душанбе, 15-уми июн

Муовини раисиҷумҳури Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе гуфтугӯ анҷом дод.

Лутфулло Фурӯзанда, ноиби раисиҷумҳури Эрон, ки субҳи рӯзи 15-уми июн ба Тоҷикистон омадааст, бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Мақомоти Тоҷикистон аз қабл эълон карданд, ки ҷаноби Фурӯзанда бо хабарнигорон сӯҳбат нахоҳад кард ва ҳам дар бораи сафари худ ба Тоҷикистон ҷузъиёте нахоҳад дод.

Бо ин ҳол, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Фурӯзанда бо Раҳмон "масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шуд."

Бино ба қавли ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо Лутфулло Фурӯзанда гуфтааст, "имкону захираҳо барои якчанд маротиба боло бурдани нишондодҳои табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон хеле зиёд аст."

Ҳамчунин гуфта мешавад, Лутфулло Фурӯзанда паёми шахсии Маҳмуди Аҳмадинажодро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон овардааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи 16-уми сарони давлатҳои "Ҷунбиши адами тааҳҳуд" даъват шудааст. Ин нишаст, интизор меравад, рӯзҳои 30-31-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон, маркази Эрон, баргузор шавад.

Дидори Фурӯзанда бо Раҳмон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
Линки мустақим


Сафари ноиби раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар моҳи марти имсол Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Ҳамчунин, дар ин моҳ Маҳмуди Аҳмадинажод -- раисиҷумҳури Эрон бо ҳадафи ширкат дар ҷашнҳои наврӯзӣ ва Конфронси ҳамкориҳои минтақаӣ барои Афғонистон ба Тоҷикистон омад.

Ду ҳафта қабл дар Теҳрон нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон баргузор шуда буд, ки дар он ҷониби Эрон эълон намуд, аз Тоҷикистон об хоҳад гирифт.

Зимнан, Эрон бо Тоҷикистон равобити бистсола дорад. Дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият мекунад ва соли гузашта мизони табодули коло миёни ин ду кишвар 204 миллион долларро ташкил намуда буд.
XS
SM
MD
LG