Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бахти Ирландия дар ЕВРО-2012 омад накард


Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамони футболи Аврупо бахти Ирландия омад накард, ки аввалин шуда, аз ҳаққи идомаи бозӣ маҳрум шуданд. Футболбозони бомаҳорати Испониё дирӯз тими милли Ирландияро дар шаҳри Гдански Лаҳистон бо ҳисоби бузурги 4 бар сифр шикаст дода ва дар гурӯҳи худ соҳиби чаҳор хол шуданд. Қаҳрамони ҷаҳон тими Итолиё дар шаҳри Познан бо тамоми саъйӯ кӯшиш дарвозаи тими Хорватияро як дафъа рахна кард, вале Марио Мандзукичии хорват низ тавонист ҳамин корро дар ҳаққи Итолиё кунад ва бозӣ бо ҳисоби як бар як анҷом ёфт. Акнун дар гурӯҳи С, Хорватия бо Испониё бозӣ мекунанд ва Итолиё бо Ирландия, ки дигар чорае ба ғайр аз тарки мусобиқоти имсола надорад.
XS
SM
MD
LG