Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе омад


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, субҳи имрӯз Лутфулло Фурӯзанда, муовини раиси ҷумҳурии Эрон вориди Душанбе шудааст. Доир ба ҷузъиёти сафари ӯ чизе гуфта нашудааст, аммо тайи солҳои ахир бо таҳкими равобити Тоҷикистону Эрон, мақомоти баландпояи ду тараф зуд-зуд ба кишварҳои ҳамдигар сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG