Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо мунтазири "қавлу амали" Сербистон


Ҳерман Ван Ромпуи, раҳбари Иттиҳодияи Аврупо аз раҳбари Сербистон хост, “бо қавлу амал нақши мусбату созанда” иҷро кунад. Томислав Николич, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Сербистон рӯзи панҷшанбе бори нахуст ба шаҳри Брюссел сафар кард. Зимни ин сафар, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баёнияи баҳсбарангези Томислав Николичро бо ӯ дар миён нагузоштаанд, ки гуфта буд, қатли оми 8 ҳазор мардону наврасони мусулмон дар ҷанги Боснӣ ва дар маҳалли Сребренитса дар соли 1995-ро наслкушӣ нест. Аммо пештар Иттиҳодияи Аврупо аз Сербистон хоста буд, барои бознависии таърих талош накунад. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин гуфтаанд, пеш аз оғози музокироти узвияти Сербистон ба ин иттиҳодия бисёр муҳим аст, ки он кишвар робитаҳояш бо Косоворо мӯътадил кунад. Томислав Николич гуфтааст, ки Иттиҳодияи Аврупо аз онҳо нахоҳад хост, ки Косовро ба расмият бишиносад.
XS
SM
MD
LG