Пайвандҳои дастрасӣ

Агар иддае истеъмоли ками машруботро дар тақводории мардум бинанд, иддае онро ба муҳоҷирати мардон бастагӣ медиҳанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, масрафи ҳама гуна анвои машрубот дар Тоҷикистон дар як соли охир бештар аз 10 дарсад коҳиш ёфтааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, корманди Хадамоти санитарӣ ва эпидемологии вазорат, гуфт, сар аз солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон тамоюли коҳиши истеъмоли машрубот мушоҳида мешавад ва дар солҳои охир густариш пайдо кардааст: “Дар соли 2011-ум Тоҷикистон ба қатори кишварҳое ворид гашт, ки истеъмоли машрубот коҳиш ёфтааст. Инро ҳам ҳисоботи мақомоти дохилӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ собит карданд. Тибқи омори охир дар соли 2011-ум дар Тоҷикистон истеъмоли машрубот 10,3 дарсад кам гаштааст.”

Дар авоили соли равон дар пайи як пажӯҳишаш Бонки Ҷаҳонӣ низ маълум карда буд, ки истеъмоли солонаи машрубот ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистону Узбакистон ва Туркия ҳамагӣ 2 литрро ташкил медиҳад, ки пойинтарин нишондиҳанда дар дунёст. Назари коршиносон ба сабабҳои коҳиши истеъмоли маю шароб дар Тоҷикистон гуногун аст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Бисёриҳо бар инанд, ки чунин коҳиш зимни маҳзабитар шудани ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омадааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, коршиноси умури динӣ, мегӯяд, сабаби аслии даст кашидани мардум ва махсусан ҷавонон аз истеъмоли алкогол тақводортар шудани онҳост: "Ҳукумат ҳамеша мекӯшад, ки дар ҳар амре нақши дин ва диндоронро аслан нодида гирад ва ё ночиз нишон диҳад. Вале дар ин ҷо бошад, барои ҳама маълум аст, ки сабаби аслии коҳиш ёфтани машрубот диндортар шудани мардум аст."

Аммо Наврӯз Ҷаъфаров аз Вазорати тандурустӣ мегӯяд, сабаби коҳиш ёфтани масрафи машрубот дар кишвар якто нест: “Ин тамоюл якчанд сабаб дорад ба назари мо. Аввал ин ки нархи худи машрубот дар Тоҷикистон гарон шуд ва бинобар ин мардум андеша мекунад, ки хубтараш ба ҷои машрубот ягон ғизои дигар барои гузаронидани рӯзгораш харад. Дигар сабабаш ин муҳоҷират аст. Аксарияти аҳолии қобили меҳнати мо, ки маҳз ҳамин қишр масрафкунандаи асосии машрубот маҳсуб мешавад, дар Русия қарор доранд."

Як гардиши кӯтоҳ дар ошхонаю фурӯшгоҳҳои пойтахт нишон дод, ки дар аксар ошхонаҳо навиштаҷоти "бо худ овардан ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ манъ аст" насб шудааст. Шаробфурӯшиҳо ҳам хеле кам ба назар мерасад.



Мудири як ошхона дар кӯчаи марказии пойтахт, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, намехоҳад, дар ошхонааш мардум шароб нӯшида хархаша кунанд ва тартиботи ҷамъиятиро халалдор намоянд. Вале ӯ афзуд, баъзан вақт мансабдорони давлатӣ талаботи онҳоро дар мавриди мамнӯъ будани нӯшидани машрубот дар дохили ин ошхона нодида мегиранд ва ӯ лоилоҷ аз шаробнӯшии онҳо чашм мепӯшад.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон тавлиди машрубот баъд аз суқути Шӯравӣ 10 маротиба коҳиш ёфта, бозори маҳаллиро асосан маю арақи тавлиди Русия пур кардааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ду сол қабл коҳиши тавлиди шаробро зарбае ба буҷаи давлатӣ унвон карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG