Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наим Мансуров раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ шуд


Аъзои Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон, Амрихоҷа Ғоибназаров - раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ ва муовини аввалаш - Абдуҳофиз Ашӯровро аз мақомҳояшон озод кардаанд. Инчунин, Анварҷон Юсуфов - муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ аз вазифа сабукдӯш гардидааст.

Бо тавсияи раисиҷумҳури Тоҷикистон Наим Мансуров раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ва Абдуҷаббор Қодиров, ки қаблан муовини вазири адлия буд, ба ҳайси муовини аввали ӯ таъйин шудааст.

Наим Мансуров 58 сол дошта, зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, собиқаи 24-солаи корӣ дорад. Аз соли 1988-ум дар низоми судии кишвар, аз ҷумла ба ҳайси муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолият намудааст. То интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон раиси Додгоҳи вилояти Суғд буд.

Ҳамчунин палатаи болоии порлумони кишвар дар иҷлосияи навбатӣ беш аз 55 масъалаи дигарро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, муқокимаи 7 қонуне, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон пуштибонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG