Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Рӯзи панҷшанбе Иттиҳодияи Футболи Русия ба ҳаводорони футболи ин кишвар дастур дод, ки рафтори худро беҳбуд бахшанд. Баъди бетартибиҳо бо ширкати ҳаводорони русии футбол дар Ҷоми Аврупо 2012 ниҳоди аврупоии футбол бар иловаи ҷаримаи молии Русия таҳдид кард, ки имкон дорад, дар бозиҳои интихобии Ҷоми Аврупо 2016 шаш имтиёзи Русияро аз эътибор соқит кунанд.
Иттиҳодияи Аврупоии Футбол-UEFA баъди латту кӯби ходими варзишгоҳ, партоби оташ ба майдон ҳангоми ҳунарнамоии мунтахабҳои Русияву Ҷумҳурии Чех ва шиорҳои саршор аз табъиз бар муқобили футболбози сияҳпӯсти Ҷумҳурии Чех Иттиҳодияи Футболи Русияро 150 ҳазор доллар ҷарима кард. Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи шанбеи 16-уми июн то 20 ҳазор ҳаводорони футболи Русия дар шаҳри Варшава қуваозмоии Русия бар зидди мунтахаби футболи Юнонро тамошо хоҳанд кард.
Имрӯз бошад, қуваозмоии мунтахаби Италия бар зидди Хорватия ва мунтахаби қаҳрамонони кунунии ҷаҳону Аврупо Испания бо Ирландия доир хоҳад шуд.
Дар гурӯҳи С баъди даври аввал Хорватия бо се имтиёз дар ҷои аввал, Испанияву италия бо як имтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум ва Ирландия бидуни имтиёзе дар ҷои охирин қарор доранд.
XS
SM
MD
LG