Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ дар Лондон ширкат хоҳанд кард, ба 15 нафар расид.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ афзуд, “ба рӯйхати ширкаткунандагони Олимпиадаи Лондон боз ду нафар – Владислава Овчаренко (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод, 50 м) дохил гардиданд. Ҳарду бо тасмими муштараки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, федератсияҳои байналмилалии варзиши сабук ва шиноварӣ, инчунин Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ мушарраф шуданд.”

Ба ин тартиб, то кунун 15 варзишгари Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар Олимпиадаи Лондон-2012 дохил шудаанд, ки инҳоянд: гурзандоз Дилшод Назаров, таэквандочиён Фарҳод Неъматов (80 кг) ва Алишер Гулов (+80 кг), муштзанҳо Анвар Юнусов (56 кг), Собирҷон Назаров (75 кг), Ҷаҳон Қурбонов (81 кг) ва Мавзуна Чориева (60 кг), гуштигирони тарзи озод Искандари Рустам (96 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Зелимхон Юсупов (66 кг) ва Николай Ноев (55 кг), дзюдочиён Расул Боқиев (73 кг), Парвиз Собиров (90 кг), даванда Владислава Овчаренко (100 ва 200 м) ва шиновар Катерина Измайлова (тарзи озод, 50 м).

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, боз ду варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков ва даванда Фарҳод Қуралов (200 м) имкони ширкат дар Олимпиадаи Лондонро доранд. Бояд гуфт, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Сергей Бабиков як ҳафта қабл аз оғози Олимпиадаи Пекин иҷозаи ширкат дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпиро дода буд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи пешин, ки соли 2008-ум дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шазри Пекин баргузор шуда буд, бо шумули 15 варзишгар ширкат дошт. Аз ҷумлаи онҳо 9 нафарашон дар риштаҳои дзюдо ва бокс (сенафарӣ), гуштии озод (2 нафар) ва гурзандозӣ (як нафар) соҳибони роҳхатҳои олимпӣ буданд.

Се нафар (оид ба вазнабардорӣ, камонварӣ ва тирандозӣ) бо пешниҳоди Федератсияҳои байналмилалӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шуда буданд. Се нафари дигар (ду нафар оид ба шиноварӣ ва як нафар оид ба варзиши сабук) аз рӯи квота ба Олимпиадаи Пекин роҳ ёфтанд.
Дар Олимпиадаи Пекин ду варзишгари Тоҷикистон бо медалҳои олимпӣ мукофотонида шудааст. Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кг медали нуқра ва Расул Боқиев оид ба дзюдо дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ гирифтанд, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатии кишвар дастоварди беҳтарин мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG