Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи Гран-При оид ба варзиши сабук дар шаҳри Монтрейи Фаронса медали биринҷӣ ба даст овард.

Дилшод Назаров, ки дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи «IAAF World Challenge» ширкат меварзад, ин дафъа гурзро ба масофаи 77,70 метр ҳаво дод ва мақоми севумро касб кард.

Павел Фаждек (Лаҳистон) бо натиҷаи 81,39 метр дар мақоми аввал ва Кристиан Парс (Маҷористон) бо натиҷаи 80,22 метр дар мақоми дувум қарор гирифтанд.

Дилшод Назаров дар ду мусобиқаи пешин – дар шаҳри Кавасакии Ҷопон бо натиҷаи 77,34 метр ва баъдан дар шаҳри Рио-Де-Жанейрои Бразилия бо натиҷаи 76,97 метр бо ду медали тилло мукофотонида шуда буд.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони тоҷик соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG